Ru  | Tj
Боронҳои шадид боиси фаромадани селу ярч дар манотиқи Тоҷикистон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боронҳои шадид боиси фаромадани селу ярч дар манотиқи Тоҷикистон шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Боронҳои шадид боиси фаромадани селу ярч дар манотиқи Тоҷикистон шуд

Нашр шуд

Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи 24 соати охир ва субҳи 26-уми апрел дар саросари ин кишвар чандин рухдоди омадани сел ва ярч ба сабт расид.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, рӯзи 25-уми апрел дар натиҷаи боришоти шадид аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Шӯрчашмаи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ сел омад. Дар натиҷа таҳхонаҳои 4 сохтмони маскунӣ ва 30 иншооти ёрирасони сокинони маҳаллии ин деҳа қисман зери об мондааст.

Ҳамзамон бомдоди 26-уми апрел дар километри 295-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Кӯфоби ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, сел ба амал омад. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд.

Ҳамчунин субҳи имрӯз боришоти зиёд боиси болоравии сатҳи оби дарёи Мазор гардид, ки дар натиҷа беш аз 120 метр сарбанди муҳофизатии деҳаи Калтачанори ҷамоати деҳоти Тоҷикистон, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон шуста шуд.

Дар баробари ин дар роҳи Кӯлоб-Ховалинг, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мегузарад, дар 5 ҷой ярч ба амал омада, роҳро бастааст. Барои рафъи пайомадҳои ҳодиса кормандони хадамоти роҳ ва ду воҳиди фаннии вижаи Вазорати таробарӣ (нақлиёт) ба ҷойи ҳодиса фиристода шуда, роҳ пок ва ҳаракати худравҳо барқарор карда шуд.

Ҳамчунин дар ҳудуди деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аз талу теппаҳо сел омада, дар натиҷа девори муассисаи таълимии деҳаро ба масофаи 40 метр вайрон кардааст. 

Афзун бар ин дар пайи омадани сел 3 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллии ҷамоати деҳоти Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зери об мондааст.

Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки тибқи пешгӯйии ҳавошиносон то рӯзи 28-уми апрел дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориш боқӣ монда, хатари фаромадани сел, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, рехтани сангу тарма ва лағзиши ярч зиёд аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед