Ru  | Tj
Қайд намудани нақши Тоҷикистон дар СААД аз ҷониби Путин

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қайд намудани нақши Тоҷикистон дар СААД аз ҷониби Путин
Расм аз РИА Новости / Алексей Дружинин

Қайд намудани нақши Тоҷикистон дар СААД аз ҷониби Путин

Нашр шуд

Президенти Русия Владимир Путин, имрӯз дар рафти ҷаласаи СААД, ки тариқи видеоӣ баргузор гардида масъалаи амният дар минтақаи Осиёи Марказиро ба миён гузошт ва илова кард, ки Тоҷикистон дар ин созмон барои пешгирии таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд нақши махсус дорад.

Владимир Путин афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатеро анҷом медиҳад. 

Сарвари давлат қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард. 

Инчунин дар ин ҷаласа, дар суханронии худ Сарвазири Арманистон Никол Пашинян Тоҷикистонро бо ба даст овардани раёсати СААД дар соли 2021 таҳният гуфта, итминон дод, ки Арманистон ҷонибдори кори муштараки фаъол дар самти татбиқи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласаи навбатии СААД Тоҷикистонро Э.Раҳмон намояндаги мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед