Ru  | Tj
Аёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сӯйи дипломатҳои Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сӯйи дипломатҳои Русия
Акс: Сафорати Русия дар Душанбе

Аёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сӯйи дипломатҳои Русия

Нашр шуд

Дипломатҳо ва низомиёни Русия дар Тоҷикистон ба аёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд. Дар ин бора сафорати Русия дар Душанбе хабар дод.

Рӯзи 29-уми апрел кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон ва низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба аёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд.

Нахуст дипломатҳо ва низомиёни Русия собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мухтор Заргаровро ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллудаш муборакбод гуфтанд.

Гуфта мешавад, ки 9-уми сентябри соли 1942 Мухтор Заргаров ихтиёран ба ҷанг рафта, соли 1947 ба ватан баргашт. Заргаров барои шуҷоату мардонагӣ дар майдони ҷанг бо ордену медалҳо сарфароз шудааст.

Дипломатҳои Русия ҳамчунин ба аёдати собиқадор Б.Нағзибеков омада, ба ӯ нишони сарисинагии «80-солагии Ғалабаи мо»-ро барои саҳмаш дар ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ супурданд.

Б.Нағзибеков моҳи ноябри соли 1944 ба сафи Неруҳои мусаллаҳ даъват шуда, соли 1947 ба ватан баргашт.

Дипломатҳо ва низомиёни рус таъкид карданд, ки Тоҷикистон нисбат ба собиқадорон ғамхории намунаӣ карда, хотираи умумии пирӯзӣ дар ҷангро ҳифз мекунад.

Дипломатҳо ва низомиёни Русия ба собиқадорон барои саҳми онҳо дар шикасти Олмони нозӣ ва ҳифзи ватан ва озодӣ миннатдорӣ баён карданд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор фарзанди Тоҷикистон ба сафҳои Артиши Шуравӣ даъват шуда, беш аз 90 ҳазор нафари онҳо ҷонашонро фидо карданд.

Барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ дар набарду муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 56 ҳазор намояндаи Тоҷикистон бо ордену нишонҳои ҷангӣ ва 54 кас ба унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз шуданд.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 25 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ мондааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед