Ru  | Tj
Аз нафту газ то “Сангтӯда”. Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Русия ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз нафту газ то “Сангтӯда”. Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Русия ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд
Акс: Sputnik

Аз нафту газ то “Сангтӯда”. Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Русия ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Русия дар Маскав мулоқот ва масоили тавсеаи равобити ду кишвар дар ин ҳавзаро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, роҳбари ин ниҳод Далер Ҷумъа 18-уми ноябр дар Маскав бо Николай Шулгинов, Вазири энергетикаи Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард. 

Тарафҳо дар ин мулоқот масоили марбут ба фароҳамсозии имконот барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ва идомаи ҳамкорӣ дар масъалаи воридоти маҳсулоти нафту газ аз Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. 

Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла, фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматии Маскаву Душанбе бунёд ёфтааст, аз дигар меҳварҳои ин мулоқот будааст.

Далер Ҷумъа ва Николай Шулгинов таъкид доштаанд, ки минбаъд низ барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвари дӯст кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. 

Ин мулоқот дар ҳолест, ки моҳҳои ахир боло рафтани арзиши маводи сӯхт дар Тоҷикистон аксари сокинонро ба ташвиш андохтааст. 

Ҳамчунин дар оғози моҳи ноябр масъулини НБО “Сангтӯда” гуфта буданд, ки қарзи “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ аз марзи 2 миллиард сомонӣ ё худ 180 миллион доллар убур кардааст.

НБО "Сангтӯда-1", ки пуружаи муштараки Русияву Тоҷикистон мебошад, соли 2008 ба баҳрабардорӣ расидааст, Маскав 75 дарсаду Душанбе 25 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар даст доранд.

Тибқи маълумотҳо, “Сангтӯда-1” бо зарфияти ҳосилнамоии 670 МВт нерӯи барқ пас аз нерӯгоҳҳои Норак ва Бойғозӣ севумин нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон аст. 

Беш аз 2 миллиард сомонӣ. Қарзи “Барқи Тоҷик” аз “Сангтӯда-1” боз афзоиш ёфтааст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед