Ru  | Tj
Беш аз 2 миллиард сомонӣ. Қарзи “Барқи Тоҷик” аз “Сангтӯда-1” боз афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 2 миллиард сомонӣ. Қарзи “Барқи Тоҷик” аз “Сангтӯда-1” боз афзоиш ёфтааст
Акс: Sputnik

Беш аз 2 миллиард сомонӣ. Қарзи “Барқи Тоҷик” аз “Сангтӯда-1” боз афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Ширкати “Барқи тоҷик” аз Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба ҳолати оғози моҳи ноябри имсол беш аз 2 миллиард сомонӣ қарздор будааст.

Ба гузориши РИА Новости, масъулини НБО “Сангтӯда” гуфтаанд, ки қарзи “Барқи тоҷик” моҳи ноябри имсол марзи 2 миллиард сомонӣ ё худ 180 миллион долларро убур кардааст.

Гуфта мешавад, қарздории “Барқи тоҷик” аз лаҳзаи ба кор даромадани чархаи аввали ин нерӯгоҳ дар соли 2008 сар шудаву ҳамасола афзоиш меёбад. 

Дар ин баробар, манбаъ меафзояд, ки “Сангтӯда” ба ҳолати якуми ноябри соли 2021 ҳудуди 170 миллион сомонӣ аз андоз қарздор буда, қарзи андоз дар натиҷаи пурра пардохт нашудани арзиши нерӯи барқ аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омадааст. 

Бояд гуфт, ки НБО "Сангтӯда-1", ки пуружаи муштараки Русияву Тоҷикистон мебошад, ки соли 2008 ба баҳрабардорӣ расидааст, Маскав 75 дарсаду Душанбе 25 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар даст доранд.

Тибқи маълумотҳо, “Сангтӯда-1” бо зарфияти ҳосилнамоии 670 МВт неруи барқ пас аз нерӯгоҳҳои Норак ва Бойғозӣ севумин нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон аст. 

Солҳои қаблӣ низ НБО "Сангтӯда-1” аз афзоиши қарзи ҷониби Тоҷикистон дар назди ин нерӯгоҳ мегуфт, аммо зоҳиран “Барқи тоҷик” ҳанӯз роҳи баромадан аз ин бӯҳронро наёфтааст. 

Бадахшон 1 миллион қарзи барқро баргардонд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед