Ru  | Tj
Аз Темуру Комроншоҳ то Эмомаливу Сомон. Паҳлавонони тоҷик ба Тошканд мераванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз Темуру Комроншоҳ то Эмомаливу Сомон. Паҳлавонони тоҷик ба Тошканд мераванд
Акс: Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон

Аз Темуру Комроншоҳ то Эмомаливу Сомон. Паҳлавонони тоҷик ба Тошканд мераванд

Нашр шуд

Нуҳ ҷудокори маъруф Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо, ки дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мешавад, муаррифӣ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд, ки аз 6-ум то 13-уми октябр баргузор мешавад, 563 варзишгар (305 мард ва 258 зан) аз 85 кишвар, аз ҷумла 9 варзишгар аз Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, ин мусобиқа дар 7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон, инчунин ба сурати рақобати даставии омехта сурат мегирад.

Паҳлавонони маъруфи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ (66кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (90кг) ва Абубакри Акобиру  Темур Раҳимов (100кг)  дар ин муосбиқа дар вазнҳои мухталиф барои ба даст овардани унвонҳои қаҳрамонӣ талош хоҳанд кард.

Манбаъ меафзояд, ҷудокорон барои касби мақоми аввал 26 ҳазор евро, барои ҷои дуюм 15  ҳазор  ва барои зинаи сеюм 8 ҳазор евро ҷоиза хоҳанд гирифт.

Бояд гуфт, ки қаблан ду варзишгври тоҷик - Эмомалии Нуралӣ ва Сомон Маҳмадбеков Қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миëни ҷавонон шуда буданд.

Нахустин размикори тоҷик ба лигаи UFC роҳ ëфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед