Ru  | Tj
Ба тариқи маҷозӣ. Соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон конфронс баргузор менамоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба тариқи маҷозӣ. Соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон конфронс баргузор менамоянд
Акс: АМИТ "Ховар"

Ба тариқи маҷозӣ. Соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон конфронс баргузор менамоянд

Нашр шуд

Соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон дар як нишасти маҷозӣ густариши ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишварро барасӣ мекунанд. 

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, 25-уми ноябр видеоконфронси соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон баргузор мешавад, ки ба тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Душанбе ва Варшав заминаи мусоид фароҳам меорад.   

Гуфта мешавад, ин ҳамоиши доираҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон ва иштироки бевоситаи Палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар баргузор мешавад.

Манбаъ гуфтааст, барои иҷрои стратегияи миллии саноатикунонии босуръат Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки сармоя ва технологияҳои кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Лаҳистонро ҷалб намояд. 

Дар ин видеоконфронс соҳибкорони лаҳистонӣ бо хусусиятҳои хоси иқтисоди Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ, механизмҳои мавҷуда ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати кишвар барои ширкатҳои хориҷӣ шинос шаванд ва ҳамчунин абзорҳои иловагии таҳкими ҳамкорӣ ва имконоти маблағгузории лоиҳаҳои муштарак низ баррасӣ гарданд.

Таъкид мешавад, ки ин ҳамоиш дар доираи омодагӣ ба бизнес-форуми ҳузурии доираҳои иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон, ки интизор меравад, баҳори соли 2022 дар Душанбе баргузор гардад, гузаронида мешавад. 

Бояд гуфт, ки миёни Душанбеву Варшав то имрӯз 18 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо расидааст. 

Тоҷикистону Лаҳистон бештар дар бахшҳои воридоти мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, таҷҳизоти электронӣ, металҳои ношоиста, маҳсулоти хӯроквории тайёр, канданиҳои фоиданок, маҳсулоти саноатӣ-кимиёвӣ ва содироти ашёи хоми нахи пахта, алюминиюм, сабзавот ва молҳои пластикӣ ҳамкорӣ доранд.

Коршиносон мегӯянд, пас аз дохил шудан ба низоми GPS+ Тоҷикистон имкони афзоиши содироти маҳсулот ба Лаҳистон ва дигар кишварҳои ИА-ро пайдо менамояд.

Қаблан мақомоти Лаҳистон гуфта буданд, ки соли 2020 ҳаҷми содирот ба Тоҷикистон 17,4 миллион доллари ИМА ва воридот ҳамагӣ 1,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.


Тоҷикистон дар конфронси иқлим иштирок мекунад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед