Ru  | Tj
Барномаи нави ИА оид ба рушди бахши беҳдошт дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барномаи нави ИА оид ба рушди бахши беҳдошт дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Акс: Интернет

Барномаи нави ИА оид ба рушди бахши беҳдошт дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Нашр шуд

Дар Душанбе Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди бахши беҳдошти Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дирӯз дар Душанбе зимни ҷаласае Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ ва баррасӣ карда шуд.

Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо қаблан аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардида буд ва он тавассути ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Агентии Олмон оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ амалӣ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, дар маросими муаррифии Барномаи нав  Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Сафири Олмон, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Душанбе,  намояндаи ЮНИСЕФ, роҳбари Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ  ва коршиносони барномавии ташкилоти хориҷӣ иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро аз авлавиятҳои сиëсати хориҷии худ медонад. Бар пояи иттилои манобеи расмӣ, ИА мувофиқи Барномаи индикативии барои солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми 251 млн. евро барои Тоҷикистон кӯмаки молӣ ҷудо намудааст.


Ашраф Ғанӣ: “Эътимод ба Амрико боиси суқути Афғонистон шуд”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед