Ru  | Tj
Бародари Ашраф Ғанӣ: “Карзай ҳукуматро ба Толибон фурӯхт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бародари Ашраф Ғанӣ: “Карзай ҳукуматро ба Толибон фурӯхт
Акс: Интернет

Бародари Ашраф Ғанӣ: “Карзай ҳукуматро ба Толибон фурӯхт

Нашр шуд

Ҳашмат Ғанӣ, бародари Президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар тозатарин сӯҳбати худ бо расонаҳо гуфтааст, ки Ҳомид Карзай ва атрофиёнаш Афғонистонро ба Толибон* фурӯхтаанд.

Ӯ дар ин гуфтугӯ бо асабоният ба суоли ин ки чаро Ашраф Ғанӣ бидуни огоҳӣ Афғонистонро тарк кард ва сабаби фурӯпошии низом шуд, чунин гуфтааст: “Раиси ҷумҳур ҳанӯз дар Афғонистон буд, ки Карзай ба Толибон занг мезанад ва мегӯяд Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон берун шуд”.

Вай дар ин гуфтугӯи худ бо телевизиони “Афғонистон интернейшнал” Амрико ва Халилзодро омили асосии суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва ба сари қудрат омадани Толибон муаррифӣ кард.

Бародари Ғанӣ дар посух ба суоли хабарнигор гуфт, ки идомаи ҳузури Ғанӣ дар Афғонистон сабаби рух додани ҳаводисе шабеҳи ҳаводиси Украина мешуд, ки ин ба манфиати миллати Афғонистон набуд.

Ҳашмат Ғанӣ ба суолҳои хабарнигори телевизиони “Афғонистон интернейшнал” бо хашму асабоният посух гуфта, ҳатто хабарнигорро “картошкафурӯш” хитоб намуда, чунин гуфт: “Ту мехостӣ, ки Ашраф Ғаниро мисли доктор Наҷибуллоҳ ба дор кашанд?”

Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, ки агар ҳузури Ашраф Ғанӣ барои Афғонистон муассир бошад, дубора ба Афғонистон бармегардад.

Дар хусуси дидорҳои Ғанӣ бо сиёсатмадорони Афғонистон гуфтааст, ӯ бо ҳеҷ касе дидор надоштааст. Ин иддао дар ҳолест, ки расонаҳо чанде пеш аз мулоқоти Ашраф Ғанӣ бо Муҳибуллоҳ Муҳиб, собиқ раиси Шӯрои амнияти Афғонистон хабар нашр карда буданд.

Ҳашмат Ғанӣ дар ҳоле аз корномаи бародари худ дифоъ мекунад, ки аксари коршиносон шеваи таслими ҳукумат ба Толибон аз сӯйи ӯро матраҳ намуда, ӯро ба нотавонӣ муттаҳам мекунанд ва яке аз омилҳои ба қудрат расидани Толибон медонанд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Карзай ба Украина: “Мо поймол шудем, шумо аз Афғонистон ибрат бигиред”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед