Ru  | Tj
Барои рушди ноҳияи Балҷувон дар 30 сол зиёда аз 780 миллион сомонӣ сарф шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои рушди ноҳияи Балҷувон дар 30 сол зиёда аз 780 миллион сомонӣ сарф шудааст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Барои рушди ноҳияи Балҷувон дар 30 сол зиёда аз 780 миллион сомонӣ сарф шудааст

Нашр шуд

Президент дар ноҳияи Балҷувон як қатор иншооти навро ба истифода дод.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дар ноҳияи Балҷувон майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, Варзишгоҳи марказӣ ва чандин иншооти дигари маъмурӣ ифтитоҳ гардида, фаъолияти осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ ба роҳ монда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди ноҳияи Балҷувон ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 780 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда, барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии он аз буҷети ҳукумат беш аз 360 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Илова бар ин, дар ин давра дар ноҳияи Балҷувон 16 лоиҳаи бо сармоягузории давлатӣ амалӣ гардидааст. Маблағи лоиҳаҳои мазкур 248 миллион сомониро ташкил додааст. То ҳол иҷрои корҳо дар доираи 5 лоиҳаи дигар идома дорад.

Миқдори маблағҳои зикргардида бо мақсади бунёд ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, таъмин намудани беморхонаҳои марказии ноҳия бо таҷҳизот, сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии обӣ, таҷдид намудани роҳҳо ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок равона шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз аз давраи давлатдории Сомониён аз ҳудуди Балҷувон яке аз шохаҳои Шоҳроҳи Абрешим мегузашт ва ҳунармандону косибони минтақа маҳсулоти заргарӣ аз нуқраву тилло, матоъҳои абрешимӣ ва аз мису чӯбу сафол маҳсулоти косибӣ истеҳсол менамуданд, ки дар кишварҳои гуногуни дунё харидор доштанд.

Ба хотири ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар соли 2001 ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи байналмиллалӣ эълом шуда буд.




Фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар Тоҷикобод маркази саломатӣ сохтааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед