Ru  | Tj
Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар 2020 маълум шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар 2020 маълум шуд
Расм аз ФФТ

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар 2020 маълум шуд

Нашр шуд

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар мавсими 2019-2020  эълон шуд ва ин ҳам бошад нимҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, капитани 30-солаи ФК Истаравшан Илҳомҷон Баротов дониста шуд. 

Дафтари матбуоти ФФТ хабар доданд, ки Илҳомҷон Баротов дар ду номинатсия беҳтарин нимҳимоятгар ва бомбардир (беҳтарин голзан) ғолибиятро ба даст овард.

Инчунин дигар бозингарон низ барои мақоми беҳтарин футболбоз шомил буданд. Инҳо ҳам бошанд нимҳимоятгари собиқи Истиқлол Эҳсони Панҷшанбе, собиқ бозингари Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев ва сардори дастаи Истаравшан Илҳом Баротов мебошанд.

Дарвозабони беҳтарини сол Рустам Ятимов (Истиқлол) дониста шуд. Фирдавс Чакалов аз дастаи Хуҷанд беҳтарин ҳимоятгар гардид. Мураббии “Истиқлол” Виталий Левченко беҳтарин мураббӣ шинохта шуд. Тавре маълум аст дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҷоизаи беҳтарин бозингари хориҷӣ ва ё беҳтарин легионер вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон бошад ин ҷоиза ба  Алексей Ларин украинӣ насиб гашт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дуввуми дӯстона бо Эрон мусовӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед