Ru  | Tj
Белорус дар моҳи июл узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Белорус дар моҳи июл узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Белорус дар моҳи июл узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мешавад

Нашр шуд

Шурои Амнияти Белорус хабар дод, ки ҳамаи кишварҳои узви СҲШ расмиёти пазириши Минск ба ин созмонро анҷом додаанд. Белорус узви 10-уми СҲШ хоҳад шуд.

Ҳама кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) асноди заруриро барои қабули Беларус ба ин созмон имзо карданд. Дар ин бора дабири Шурои амнияти ин кишвар Александр Волфович изҳор дошт.

"Раванди мувофиқа кардани тамоми расмиёти қабули кишвари мо ба ин созмон ба анҷом расид. Чанде пеш ман бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Чжан Минг суҳбат доштам. Ӯ ба ман итминон дод, ки ҳамаи давлатҳо тамоми санадҳои дахлдорро ба имзо расониданд, танҳо боқист он дар нишасти сарони давлатҳо (СҲШ) расман тасвиб шуда, кишвари мо ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой қабул карда шавад», - гуфт Волфович ба шабакаи телевизионии «Белорус-1».

Вай ёдовар шуд, ки СҲШ эътилофи низомию сиёсӣ нест. "Аммо ин созмон дар доираи масъулияти он кишварҳое, ки узви он ҳастанд, дар масъалаҳои амният ва субот тасмимоти лозимаро амалӣ мекунад. Таври маълум созмони Шонгҳой имрӯз 9 кишварро дар бар мегирад, ки тақрибан 65% Авруосиё ва 25%-и ҷаҳонро  муттаҳид мекунад. Аҳолии кишварҳое, ки ба созмони Шонгҳой дохил мешаванд, 4 милярд нафар аст, ки қариб нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад», — гуфт дабири Шурои амнияти Белорус.

Гуфтанист, дар айни замон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дохил ҳастанд. Беларус аз соли 2015 дар ин созмон мақоми нозир дорад ва раванди қабули ин кишвар ба ин созмон соли 2022 дар Самарқанд оғоз шуд. 

Интизор меравад, ки тасвиби узвияти комили Минск дар СҲШ дар нишасти сарони ин созмон рӯзи 4-уми июл дар Остона сурат бигирад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед