Ru  | Tj
Беш аз 2000 низомии ба Тоҷикистон паноҳбурдаи афғон ба Ватан баргардонда шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 2000 низомии ба Тоҷикистон паноҳбурдаи афғон ба Ватан баргардонда шуданд
Акс: Интернет

Беш аз 2000 низомии ба Тоҷикистон паноҳбурдаи афғон ба Ватан баргардонда шуданд

Нашр шуд

Ҳудуди 2300 низомии Афғонистон, ки ҳангоми ҳамлаи Толибон  ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд, дубора ба Афғонистон баргардонда шуданд, навиштааст сомонаи “Афганистан.ру”.  

Ба иттилои манбаъ, Ҳамдулло Муҳиб, котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шарҳи ин хабар гуфтааст, ки низомиёни баргардондашуда минбаъд низ дар хизмати халқи худ ҳастанд ва зидди Толибон (мамнуъ дар ҶТ) меҷанганд.

“Нерӯҳои амниятӣ барои беҳбуд бахшидан ба вазъ ва бартараф намудани ҳамлаҳои Толибон талош меварзанд. Илова бар ин, ҳафтаи оянда 7 чархболи амрикоии “Black Hawk” ба Афғонистон оварда мешавад”  - афзудааст Ҳамдулло Муҳиб.

Давоми як моҳи ахир вазъият дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон нигаронкунанда боқӣ монда, ҷангиёни аракати Толибон чандин манотиқи ҳаммарз бо кишвари моро таҳти тасарруфи худ дароварданд ва шуморе аз низомиёни афғон аз дасти онҳо фирор намуда ба хоки кишвари мо гузашта буд.



Гурӯҳи кории СПАД барои назорати марз ба Тоҷикистон омад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед