Ru  | Tj
Беш аз 400 ҷудокор аз 71 кишвари ҷаҳон ба Душанбе меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 400 ҷудокор аз 71 кишвари ҷаҳон ба Душанбе меоянд
Акс: аз манбаъҳои боз

Беш аз 400 ҷудокор аз 71 кишвари ҷаҳон ба Душанбе меоянд

Нашр шуд

Тоҷикистон бори аввал мизбони мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" мешавад. Беш аз 400 паҳлавон аз 71 кишвари ҷаҳон барои ширкат дар ин мусобиқа номнавис шудаанд.
 
Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони мусобиқаи ҷаҳонии "Dushanbe Grand Slam 2024" мешавад. Мусобиқаи мазкур аз 3 то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе миёни беҳтарин ҷудокорони сайёра баргузор мешавад.
 
Тибқи иттилоъи "Варзиш ТВ", барои ширкат дар ин мусобиқа 425 ҷудокор аз 71 кишвари 5 қитъаи олам номнавис шудаанд. Аз ин шумора 225 мард ва 196 зан мебошанд, ки аз рӯйи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобат хоҳанд кард.
 
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҷудокори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ миёни сангинвазнҳо Теддӣ Ринер ба Душанбе меояд ва Фаронсаро муаррифӣ мекунад. Ҳамчунин ситораи ҷудои Ҷопон ва ҷаҳон Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" ширкат хоҳад кард.
 
Дар ин замина таъкид мешавад, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 37 ҷудокор муаррифӣ мекунанд.
 
Мардон:
Вазни -60 кг: Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Муҳаммад Маҳмадизода, Ҳақдод Гулов.
Вазни -66 кг: Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон.
Вазни -73 кг: Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов.
Вазни -81 кг: Суннатулло Лоиқов, Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Мусоев, Раҳматуллобек Фарҳодов.
Вазни -90 кг: Комроншоҳ Устопириён, Шодмон Ризоев, Акмал Муродов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода.
Вазни -100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов.
Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Раҳмон Мансур, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Шарифҷон Назриев.
 
Ба ҳайати бонувони ҷудокори тоҷик дар вазни -48 кг Райҳона Розиқзода, -52 кг Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова, Мадина Қурбонзода, -57 кг Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова, -63 кг Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова ва вазни -70 кг Мавлуда Одинаева дохиланд.
 
Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқаи мазкур ба ҷуз аз медал ва ҷоизапулӣ боз соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Ба ғолибон ҷоизапулӣ барои ҷойи аввал 5 000 евро, ҷойи дуюм 3 000 евро ва ҷойи сеюм 1 500 евро тақдим мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед