Ru  | Tj
БМТ: 3 бонки Тоҷикистон ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

БМТ: 3 бонки Тоҷикистон ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд
Акс: Новости Таджикистана

БМТ: 3 бонки Тоҷикистон ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд

Нашр шуд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолиро барои соли 2022 тасдиқ кард.

Бинобар иттилои шӯъбаи матбуоти БМТ, бонки давлатии амонатгузории кишвар "Амонатбонк", Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи (ҶСК) "Ориёнбонк" ва ҶСК "Бонки Эсхата" ташкилотҳои қарзии низомсоз эътироф шудаанд.

Ҳамчунин, ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ҶСП ТАҚХ "Имон Интернешнл" шомил шудааст.

Шарҳ дода шудааст, ки номгӯйи ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ мувофиқ ба "Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз" тасдиқ мегарданд.

Ҳамчунин, ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ аз рӯйи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф гарданд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва эҳтимолӣ ҳар сол як маротиба таҳия мегардад ва дар сомонаи БМТ ва маҷаллаи "Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ"-и БМТ нашр мешавад.


Амонатбонк раисиро дар СҲШ қабул кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед