Ru  | Tj
Бо забони асл. Театри давлатии академии опера ва балет Шоҳасари операи чаҳониро ба саҳна меорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо забони асл.  Театри давлатии академии опера ва балет Шоҳасари операи чаҳониро ба саҳна меорад
Акс: ASIA-Plus

Бо забони асл. Театри давлатии академии опера ва балет Шоҳасари операи чаҳониро ба саҳна меорад

Нашр шуд

Моҳи оянда дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии  Душанбе операи ҷовидонаи Ҷузеппа Верди “Травиата” рӯи саҳна меояд. 

Ба иттилои масъулини Театри давлатии академии опера ва балет,  ин театр дар ҳоли амалисозии лоиҳаи нави байналмилалие барои ба саҳна овардани “Травиата” бо ширкати ҳунармандони Тоҷикистон, Италия, Ӯзбекистон ва Озорбойҷон аст. 

Гуфта мешавад, ин шоҳасари операи ҷаҳонӣ бо забони асл ба саҳна гузошта мешавад ва оркестр ва ҳунармандони операи тоҷик бо роҳбарии профессори Консерваторияи Милан маэстро Делфо Меничуччи, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Рамиз Усмонов ва Ҳунарманди шоистаи Озарбойҷон Афаг Аббосов “Травиата”-ро пешниҳоди бинандагон менамоянд. 

Бояд гуфт, ки “Травиада” аз маъруфтарин операҳои ҷаҳонӣ аст. Либреттои ин асарро Франческо Мария Пяве аз рӯи романи Александр Дюма “Хонуми камелиё” навиштааст. Ин опера аввалин маротиба соли 1853 дар театри “Ла Фениче”-и Венетсия намоиш дода шудааст. 

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ягона театри опера дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 1936 фаъолият дорад. 


Дар Дубай ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед