Ru  | Tj
Бонки тавсеъаи исломӣ барои тарҳи неругоҳи "Роғун" 550 милён ҷудо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки тавсеъаи исломӣ барои тарҳи неругоҳи "Роғун" 550 милён ҷудо кард
Акс: rogunges.tj

Бонки тавсеъаи исломӣ барои тарҳи неругоҳи "Роғун" 550 милён ҷудо кард

Нашр шуд

Шурои мудирони Бонки тавсеъаи исломӣ қарори ҷудо кардани 550 милён долар сармоягузорӣ барои тарҳи бунёди неругоҳи Роғун дар Тоҷикистонро тасвиб кард.

Дар шаҳри Риёз рӯзи 30-юми апрел мулоқоти Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, раиси  Гурӯҳи Бонки тавсеъаи исломӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар ин музокирот татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои энергетика, таробарӣ (нақлиёт), рушди зерсохтҳо, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоъиву иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин замина зикр шуд, ки рӯзи 27-уми апрели соли ҷорӣ Шурои мудирони иҷроияи Бонки тавсеъаи исломӣ лоиҳаи сармоягузории сохтмонсозии неругоҳи «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 милён долар, аз ҷумла 150 милён долар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 милён долар аз ҳисоби сандуқҳои рушди араб тасвиб кард.


Гуфта мешавад, ки Завқӣ Завқизода дар мулоқот аз раиси Гурӯҳи Бонки тавсеъаи исломӣ дархост кард, ки сармоягузориро барои рушди энержии сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмонсозии неругоҳи «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ - Дустӣ, обёрии заминҳои кишоварзӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои лоҷистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанаиву исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бахши хусусӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйири иқлим зиёд кунад.

Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки тавсеъаи исломӣ лоиҳаҳои сармоягузориро ба маблағи 753,4 милён долар Тоҷикистон амалӣ кардааст.

Афзун бар ин дар чаҳорчӯби Страгияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026 ҷониби Гурӯҳи Бонки тавсеъаи исломӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар Тоҷикистон беш аз 235 милён долар ҷудо мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед