Ru  | Tj
Боз як рӯзи дигар бе коронавирус

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боз як рӯзи дигар бе коронавирус
Расм аз РИА Новости

Боз як рӯзи дигар бе коронавирус

Нашр шуд

Пандемияи коронавирус, ки ҳанӯз идома дорад ва дар шаклҳои дигар пайдо шуда истодааст то имрӯз беш аз 90 миллион нафарро заҳролуд намуда ҷони қариб 2 миллионро гирифт. 

Тоҷикистон низ дар баробари ин бо ин беморӣ мубориза бурда истодааст ва то имрӯз сар карда аз 30 апрели соли 2020 13308 нафар сироят шуданд ва 90 нафари дигар фавтиданд.

Аммо, аз аввали соли 2021 шумораи беморшудагон сахт коҳиш ёфтааст. Намояндагони вазорати тандурустӣ имрӯзҳо хабар медиҳанд, ки ҳолатҳои нави сироятшавӣ ошкор нашудааст. Оё гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон Covid-19 пурра аз байн рафт, ғайриимкон аст. Аз ин рӯ шаҳрвандонро мебояд ҳамаи тавсияҳо ваичораҳои муқараршударо риоя намоянд.

Тоҷикистон ҳанӯз аз харидории ваксинаи Спутник V-и Россия хабар надодааст вале, Россия бошад аз ваксинагузаронии гуруҳӣ ба доругузаронии ҳамаи аҳолӣ шуруъ намуда истодааст, чунин хабар медиҳад Интерфакс бо истинод ба муовини сарвазири Россия Татяна Голикова.

Тоҷикистон бидуни бемории коронавирус


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед