Ru  | Tj
Боздиди беш аз 7200 сайёҳӣ хориҷӣ аз вилояти Хатлон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боздиди беш аз 7200 сайёҳӣ хориҷӣ аз вилояти Хатлон
Акс: аз манбаъҳои боз

Боздиди беш аз 7200 сайёҳӣ хориҷӣ аз вилояти Хатлон

Нашр шуд

Дар соли ҷорӣ 7203 сайёҳи хориҷӣ мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд. Дар ин хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар се моҳи авали  соли ҷорӣ 73 ҳазору 605 сайёҳи дохилию хориҷӣ ба вилояти Хатлон ворид шудаанд, ки аз ин 7203 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 931 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ ва 86 ёдгории монументалӣ мебошад.

Таъкид мешавад, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки бештар диққати сайёҳонро ҷалб кардаанд.

Аз сӯйи дигар манзараҳои зебо, табиати дилфиребу нотакрор, кӯҳу рӯдҳои Хатлонзамин,чашмаҳои зулолу шифобахш, ба мисли шаршараи «Сари Хосор», кӯҳи «Чилдухтарон», «Чилучорчашма», мамнуъгоҳи табиъии «Бешаи палангон» ва обанбори неругоҳи обии «Норак» маконҳои ҷаззоб барои сайёҳон дониста мешавад.

Тибқи омори расмӣ, дар семоҳаи якуми соли равон беш аз 265 ҳазор сайёҳ аз  Тоҷикистон боздид карданд, ки нисбати соли гузашта 71 ҳазор нафар ё 26,8 дарсад бештар аст.

Гуфта мешавад, ки дар панҷгонаи аввали сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон шаҳрвандони Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Чин ва Туркия қарор доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед