Ru  | Tj
Боздошти раиси ширкати давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бо иттиҳоми фасоди молӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боздошти раиси ширкати давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бо иттиҳоми фасоди молӣ
Акс: аз манбаъҳои боз

Боздошти раиси ширкати давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бо иттиҳоми фасоди молӣ

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон раиси як корхонаи давлатӣ барои қаллобӣ ба маблағи наздик ба 1 милён долар боздошт шуд. Нисбати ин мансабдор аз рӯйи моддаҳои тасарруфи пулҳо, қаллобӣ, ғайриқонунӣ созмон додани шахси ҳуқуқӣ ва сохтакории санадҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон хабар дод, ки алайҳи раиси ширкати давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бар асоси чор модда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ӯ ба қаллобии молӣ ва ҷиноятҳои марбут ба фасод муттаҳам мешавад.

Тибқи маводи тафтишот,  М.С. Асоев, ки дар вазифаи раиси ширкати давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Ожонси содироти ҳукумати Тоҷикистон кор мекард, бар хилофи манъи фаъолияти соҳибкорӣ барои кормандони давлатӣ, дар роҳбарии ширкатҳои тиҷоратии «Субҳи Сарбанд» ва “Оли Сомон” ширкат дошт.

Асоев М.С. ғайриқонунӣ аз номи ширкатҳои болозикр тамоми амалиёти моливу пулиро бо ширкатҳои кишоварзмм истеҳсолкунандаи пахта ва дигар ширкатҳои тиҷоратӣ дар вилояти Хатлон шахсан анҷом додааст. Бо ин амалкарди худ номбурда ҳарду ширкати тиҷоратиро аз ҳисоби напардохтани маблағи молиёт беш аз 1.5 милён сомонӣ қарздор кард.

Гузашта аз ин Асоев М.С. дар давраи фаъолияти кориаш ба бовари чанде аз соҳибкорон даромада, аз онҳо бо баҳонаи фурӯхтани 1500 тон нахи пахта дар соли 2021, ҷамъан маблағи наздик ба 3 милён долар гирифта, аз ин ҳисоб ба соҳибкор 1100 тон нахи пахтаро бо арзиши 2 милёну 127 ҳазору 555 долар дастрас карда, боқимонда маблағи 800 ҳазор доларро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард.

Ҳамчунин Асоев М.С. дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи январи соли 2021 то моҳи июли соли 2022 аз ҳисоби фурӯши ангишт ба хориҷи кишвар беш аз 332 ҳазор сомониро ба ҳисоби ширкати давлатии “Тоҷагропромэкспорт” ворид накарда, онро барои ниёзмандиҳои шахсиаш харҷ кардааст.

Дар робита ба ваҷҳҳои болозикр нисбати Асоев М.С. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б”, 260 қисми 2 банди “а” ва 340 қисми 2 банди “в” Қонуни ҷиноятии  Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри мақомоти додситонӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Тибқи ин моддаҳои Қонуни ҷиноятӣ фарди гунаҳгорро аз ҷарима то 7 соли маҳбас интизор аст.

Гуфтанист, ширкати давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бо қарори  ҳукумати Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 дар назди Ожонси содироти ин кишвар таъсис шуда, доираи фаъолияташ хариду нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазири дохилӣ ба хориҷи кишвар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед