Ru  | Tj
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ: Тоҷикон се медали дигар гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ: Тоҷикон се медали дигар гирифтанд
Акс: Asia-Plus

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ: Тоҷикон се медали дигар гирифтанд

Нашр шуд

Се паҳлавони тоҷик дар панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния дар риштаи ҷудо соҳиби медал шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дирӯз дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар риштаи ҷудо куштигирони тоҷик соҳиби се мадал шуданд ва шумори умумии медалҳои варзишгарони мо дар ин мусобиқа ба ҳафт адад расид.

Манбаъ меафзояд, як рӯз қабл аз анҷоми ин мусобиқа паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳи Устопириëн соҳиби медали нуқра ва Шодмон Ризоеву Абубакри Акобир ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ëфтанд.

Гуфта мешавад, Комроншоҳ намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, варзишгари кишвари мизбон Омер Айдин ва ҷудокори Лубнон Карамноб Сагаиповро мағлуб намуд, аммо дар финал аз рақиби турки худ Михаел Зганк мағлуб шуд.

Лозим ба зикр аст, ки қаблан дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) ва Екатерина Ишенко (пара-тенниси рӯи миз) медали нуқра  ва Асламҷон Азизову Фирӯз Мирзораҷабов дар гӯштини юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Пас аз  ҳашт рӯзи мусобиқа дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия бо 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ) дар мақоми нахуст ва Ӯзбекистон бо 121 медал дар ҷои дуюму Эрон бо 116 медал дар зинаи сеюм мавқеъ доранд.

Тоҷикистон бо се нишони нуқраву чаҳор биринҷӣ миëни 56 кишвар  мақоми 27-умро касб кардааст.


Варзишгарони наврас дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс 9 медал ба даст оварданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед