Ru  | Tj
Варзишгарони наврас дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс 9 медал ба даст оварданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгарони наврас дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс 9 медал ба даст оварданд
Акс: Озодӣ

Варзишгарони наврас дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс 9 медал ба даст оварданд

Нашр шуд

Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ки дар он варзишгари тоҷик Руслан Ғафуров дар вазни -50кг сазовори медали нуқра ва Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд. Дар ин бора агентии миллии “Ховар” хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа дар шаҳри Дубай дар умум 293 нафар, аз ҷумла 84 духтар аз 15 давлати дунё иштирок намуданд.

Мувофиқи маълумоти Ассотсиатсияи бокси Осиё, аввалин маротиба аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор шуда, ҳамчунин бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим гардидааст.

Дар мусобиқа барои барандагони медали тилло 4000 доллари ИМА, медали нуқра 2000 доллар ва медали биринҷӣ 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ муқаррар шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарони навраси Ӯзбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони Қазоқистон бошанд 8 медали тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ гирифтанд.

Ҳамчунин дар мусобиқа намояндагони Ҳиндустон 8 медали тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, Эрон 1 медали тилло, 2 биринҷиро сазовор гардиданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед