Ru  | Tj
Бозхариди саҳмияҳои ҶСШК «Сангтӯда» то охири соли 2025 тамдид карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бозхариди саҳмияҳои ҶСШК «Сангтӯда» то охири соли 2025 тамдид карда шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Бозхариди саҳмияҳои ҶСШК «Сангтӯда» то охири соли 2025 тамдид карда шуд

Нашр шуд

Муҳлати қабул ва пардохти саҳмияҳои собиқ ҶСШК «Сангтӯда» то санаи 31-уми декабри соли 2025 тамдид карда шуд. Дар ин бора бонки давлатии "Амонатбонк" хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин бонк, саҳмияҳои собиқ ҶСШК «Сангтӯда» дар намояндагиҳои "Амонатбонк" пардохт мешавад. 

Ба шахсони воқеъӣ бо пешниҳоди шиноснома бар ивази як саҳмияи «ҶСШК Сангтӯда»-и барҳамдодашуда ба андозаи 10 долари ИМА, бо пули миллӣ маблағ  пардохт карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки хариди саҳмияҳои ҶСК «Сангтӯда» 13-уми майи соли 2019 оғоз ёфт. Дар аввал муҳлати пардохт то охири соли 2021 муқаррар карда шуд. Пас аз он то охири соли 2022, сипас то 31-уми декабри соли 2023 тамдид карда шуд.

Тибқи иттилоъи бонки давлатии "Амонатбонк" то аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 2,4 милён сомонӣ ба дорандагони саҳмияҳои ҶСШК "Сангтӯда"  пардохт шудааст.

ҶСШК «Сангтӯда» соли 1996 таъсис шуда, ҳамон сол ду барориши саҳмияҳои ин ширкат ба амал омад. Нархи як саҳмия дар замони муомилот 3 ҳазор рубли тоҷикӣ (10 долар) буд.

Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон барои пардохти маблағи саҳмияҳо ба шаҳрвандон 10 милён сомонӣ ҷудо кардааст. Зикр мешавад, ки ҳамагӣ зиёда аз 97 ҳазор саҳмияи ҶСШК “Сангтӯда” фурӯхта шудааст.

Қобили зикр аст, дар соли 2006 ҶСК «Нерӯгоҳи барқобии Сангтӯда-1» бо ҳадафи анҷоми бунёди неругоҳи обӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҳиссаи ҷониби Русия дар  ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед