Ru  | Tj
Чин ба Тоҷикистон дар соли вазнини иқтисодӣ (2020) 152 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин ба Тоҷикистон дар соли вазнини иқтисодӣ (2020) 152 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст
Акс: Интернет

Чин ба Тоҷикистон дар соли вазнини иқтисодӣ (2020) 152 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст

Нашр шуд

Дар маҷмуъ то охири соли 2020 ҳаҷми умумии сармонягузориҳои Чин ба Тоҷикистон 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Соли гузашта вуруди сармоягузорӣ аз Чин ба Тоҷикистон 152 миллион доларро ташкил намудааст, ки аз он 120 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим мебошад. Саҳми сармоягузории чинӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ соли гузашта 35,5 фоизро дар маҷмуъ аз сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷӣ, ташкил медиҳад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2020 сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон 428,4 миллион долларро ташкил кард, ки аз он 162,5 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 265,9 миллион доллар сармоягузориҳои дигар (қарзҳои имтиёзнок ва маблағгузориҳои дигари молиявӣ) мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо дар нимаи дуюми солҳои 2000-ум шурӯъ гардида буд. Ҳоло бошад сармоягузориҳои ин давлат тақрибан дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида мешавад.


Тоҷикистону Қазоқистон қарордодҳои муҳимми тиҷоратиро ба имзо расониданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед