Ru  | Tj
Чин ба ваъда вафо кард. 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс» ба Душанбе расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин ба ваъда вафо кард. 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс» ба Душанбе расид
Акс: Интернет

Чин ба ваъда вафо кард. 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс» ба Душанбе расид

Нашр шуд

300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс»-и чинӣ вориди Душанбе, пойтахти кишварамон шуд.

Ба гузориши “Ховар”, дирӯз ваксинаҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ба фурудгоҳи Душанбе расиданд ва дар маросими қабули онҳо Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири мамлакат, Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Фарҳод Салимӣ, муовини Вазири корҳои хориҷӣ, Анвар Зиёев, Директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» ва Лу Бин, сафири Чин дар Душанбе ширкат намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин маросим дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс»-и «Sinovac Research & DevelopmentCo. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 300 800 адад сӯзандору бо дастгирии техникиву молии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» вориди Тоҷикистон шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин ваксинаҳо дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз 116 ҳазору 341 нафар вояи якум ва 15 ҳазору 34 нафар вояи дуюмро қабул намудаанд.

Қаблан Ораш Алоӣ, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк аз таъйид шудани ваксинаи «Sinovac»-и чинӣ аз сӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ваъдаи Пекин дар бораи он ки 300 ҳазор воя аз онро ба Тоҷикистон ройгон тақдим мекунад, истиқбол карда буд.

“Таъйид шудани ваксинаи «Sinovac» ва додани 300 ҳазор воя аз ин ваксина ба Тоҷикистон хабари бисёр хуш аст. Ваксинаи «Sinovac» хуб аст ва тавсия мешавад, ки дар сурати ба таври кофӣ будани воя афроди аз 30 то 50-сола аз ин ваксина гиранд”, - гуфта буд ин табиби маъруфи эронитабори муқими Амрико.



Ваксинакунонии муҳоҷирон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Русия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед