Ru  | Tj
Дабири кулли СПАД: Барномаи таҳкими амнияти марз бо Афғонистон то моҳи июл тасвиб мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дабири кулли СПАД: Барномаи таҳкими амнияти марз бо Афғонистон то моҳи июл тасвиб мешавад
Фото: Нозим Каландаров / ТАСС

Дабири кулли СПАД: Барномаи таҳкими амнияти марз бо Афғонистон то моҳи июл тасвиб мешавад

Нашр шуд

Имонғалӣ Тасмағамбетов гуфт, ки лоиҳаи ин барнома аз ҷониби Шурои доимии СПАД таъйид ва барои тасдиқи дохилӣ ба кишварҳои узви созмон фиристода шудааст.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ният дорад, то моҳи июли соли ҷорӣ кори таҳияи барномаи таҳкими марзи ҷанубии ин созмонро муаррифӣ кунад. Дар ин бора Имонғалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС хабар додааст.

«Кори қабули Барномаи байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон хеле фаъолона идома дошта, дар он тадбирҳои мушаххас барои таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД пешбинӣ шудаанд»,- гуфтааст Тасмағамбетов.

Ба гуфтаи вай, дар охири моҳи феврал - аввали моҳи март ҷаласаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви СПАД ва аъзои гурӯҳи корӣ барои такмили таҳияи тарҳи Барномаи таҳкими амнияти марзи ҷанубӣ баргузор шуд.

Имонғалӣ Тасмағамбетов дар идома афзудааст, ки лоиҳаи ин барнома аз ҷониби Шурои доимии СПАД тасвиб шуда, барои тасдиқи дохилии кишварҳои узв ирсол гардид. Ҳамзамон ӯ ба иродаи сиёсии раҳбарияти ду узви ин созмон - Қирғизистон ва Тоҷикистонро ишора кард, ки таҳдидоти ношӣ аз Афғонистонро дуруст дарк карданд.

Дабири кулли СПАД изҳори итминон кардааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ котибот натиҷаҳои ниҳоии ин корро пешниҳод хоҳад дод.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз 27-уми феврал то 1-уми март дар Маскав нишасти намояндагони вазорату ниҳодҳои кишварҳои СПАД ва ҳамчунин аъзои гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон  баргузор шуд.  

Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки интизор аст ин барнома дар соли 2024 тасдиқ шавад. 

Гуфтанист, Тоҷикистон танҳо кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аст, ки бо Афғонистон наздики 1400 км  марзи муштарак дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед