Ru  | Tj
Далер Ҷумъа нақшаҳои Тоҷикистон дар бахши энержиро эълон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Далер Ҷумъа нақшаҳои Тоҷикистон дар бахши энержиро эълон кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Далер Ҷумъа нақшаҳои Тоҷикистон дар бахши энержиро эълон кард

Нашр шуд

Айни ҳол амалишавии 18 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон бо ҷалби 1,5 миллиард доллар идома дорад.

Дар бахши энержӣ аз соли 2001 то инҷониб 36 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 2,7 миллиард доллар барои бунёди иқтидорҳои нав, сохтмон ва барқарорсозии дигар иншооти барқӣ татбиқ гардида, ҳамзамон дар ин соҳа боз амалишавии 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 1,5 миллиард доллар идома дорад.

Дар ин хусус Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт.

Гуфта шуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани иқтидори тавлиди нерӯи барқ ба 10 ГВт, зиёд намудани ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба 10 миллиард кВт соат, паст намудани талафоти нерӯи барқ то 10 % ва таъмини 10 дарсади барқ аз нерӯи офтоб ва бод пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки то соли 2030 татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла, лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи нерӯи офтоб ва бод бо иқтидори на кам аз 1500 МВт дар назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки Конфронси минтақавии «Дурнамои рушди тавлиди нерӯ аз манбаъҳои таҷдидпазир дар Тоҷикистон» то рӯзи 26 июн идома меёбад.

Хотиррасон мекунем, ки дар авали моҳи июн дар Конфронси сеюми байналмилалии об дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки кишвараш то соли 2037 барои тавлиди нерӯи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи сабз талош хоҳад кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед