Ru  | Tj
Дар Бохтар Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Бохтар Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад
Акс: ASIA Plus

Дар Бохтар Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад

Нашр шуд

Ҳаштумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия имрӯз дар Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия имрӯз вориди Тоҷикистон мешавад ва дар ин конфронс ҳайати кишварашро роҳбарӣ мекунад.

Манбаъ мегӯяд, ҳадафи аслии баргузории ин ҳамоиш тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия аст.

Роҳҳои диверсификатсияи содироти мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ, интиқоли техникаи кишоварзии сохти Русия, тамоюли рушди саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ва имкони иштироки сармоягузорони рус дар он ва эҷоди занҷирҳои кооператсия миёни корхонаҳои Русия ва Тоҷикистон аз мавзӯоте хоҳанд буд, ки дар ин конфронс мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин, масоили марбут ба фаъолсозӣ ва тақвияти ҳамкорӣ миёни шаҳру минтақаҳои ду кишвар, рақамикунонии иқтисоди шаҳрӣ дар соҳаҳои нақлиёт, маориф ва хоҷагии коммуналӣ аз ҷониби ширкатдорони ин конфронс муҳокима хоҳанд шуд.

Манбаъ меафзояд, интизор меравад, ки аз натоиҷи ин ҳамоиш миёни ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Русия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Баргузории ҳаштумин ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки ҳам намояндагони воломақоми Маскаву ҳам Душанбе борҳо аз ба таври лозим истифода нашудани зарфиятҳои ҳамкории ду кишвар гуфтаанд.

Аз ҷумла, директори департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироии Вазорати рушди иқтисоди Русия Иля Федоров ҳамин моҳ пас аз баргузории ҳафтумин Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия гуфта буд, ки сатҳи равобити иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ба зарфиятҳои мавҷуда мутобиқат надорад ва бояд густариши бештар ёбад.

Федоров роҳандозии тарҳҳои нави муштарак, ҳамкории мутақобилаи ширкатҳо ва истифода аз имконоти ниҳодҳои мусоидаткунанда ба содиротро аз ҷумлаи роҳҳои муассири рушди равобити иқтисодиву тиҷоратии Маскаву Душанбе унвон карда буд.

Тоҷикистон дар конфронси иқлим иштирок мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед