Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Бозиҳои аввалини кишварҳои ИДМ аз Тоҷикистон 80 нафар варзишгар иштирок мекунанд
Нашр шуд
Дар ин мусобиқа варзишгарони аз 14 то 23 сола иштирок карда метавонанд.
Дар назар аст, ки аз 4-ум то 11-уми сентябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор гардад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Бозиҳои аввалини кишварҳои ИДМ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд.
Дар ин бозиҳо дар маҷмуъ 1500 нафар варзишгарон аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон барои 184 медал аз рӯи 16 намуди варзиш: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гӯштини камарбандӣ, дзюдо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, гӯштини варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ талош мекунанд. Аввалин бозиҳои кишварҳои ИДМ-2021 дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия таҳти ҳимояи Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳо бояд соли 2020 доир мегаштанд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус санаи он тағйир ёфт.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед