Ru  | Tj
Дар Чин таробари худпар ба фурӯш бароварда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Чин таробари худпар ба фурӯш бароварда шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Чин таробари худпар ба фурӯш бароварда шуд

Нашр шуд

Бори аввал дар ҷаҳон фурӯши таробар (таксӣ)-ҳои худпар оғоз шуд. Ширкати чинии "Ehang" мошинҳои худро дар пойгоҳи тиҷоратии "Таоbао" ба маблағи 332 ҳазор долар ба фурӯш гузоштанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта Идораи ҳавопаймоии кишварии Чин ба таробари парвозкунандаи тамғаи Ehang EH216-S санади мутобиқат ба парвозро содир кард.

Ба афроди хоҳишманд дар давоми 30 рӯз пас аз пардохти маблағ таробари худпар расонида мешавад.

Соҳибони таробари худпари EH216-S метавонанд бо суръати то 130 километр дар як соат дар баландии ҳадди аксар 3 километр парвоз кунанд.

Масофаи дарозтарини парвоз бо таробари худпар 35 километр буда, давомнокии ҳадди аксари парвоз ҳамагӣ бештар аз 20 дақиқа аст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҳуозӣ Ҳу, мудири кулли ширкати "EHang" гуфта буд, баъди панҷ соли оянда таробарҳои худпар дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон як рухдоди маъмулӣ хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки соли оянда ширкати навофарини "EHang" ба густариши фаъолиятҳо берун аз Чин оғоз хоҳад кард. Ширкат барои истеҳсоли беш аз 1200 худпари барқӣ аз муштариёни хориҷӣ супориш гирифта, корҳоро барои сабтиноми EH216-S дар ИМА, Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ оғоз кардааст.

Бояд гуфт, ки Чин нахустин кишваре дар ҷаҳон шуд, ки интиқоли мусофиронро тавассути таробарҳои худпари бесарнишин иҷозат дод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед