Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки неруи барқ ва обро сарфа кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки неруи барқ ва обро сарфа кунанд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки неруи барқ ва обро сарфа кунанд

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки бар асари омилҳои пешгӯйинашаванда ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ рӯз то рӯз мушкил мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандон ва корхонаҳо даъват кард, ки бинобар вазъи номусоиди иқлим ва хушксолӣ обу барқро ҳатто дар фасли тобистон сарфа кунанд.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел дар шаҳри Гулистон дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд изҳор дошт, иттилоъ медиҳад "Ховар".

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш зикр кард, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯйинашаванда, бахусус тағйири бесобиқаи иқлим ва пайомадҳои нохуши он — камобиву хушксолӣ, ҳамчунин болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида истодааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз мардуми кишвараш даъват кард, ки дар чунин шароит неруи барқ ва обро сарфа кунанд.

«Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоъӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсоливу хидматрасонӣ сарфакорона истифода кардани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъан таъмин кунем», — таъкид Эмомалӣ Раҳмон.

Хотиррасон мекунем, ки ахиран ширкати "Барқи тоҷик" аз коҳиши бесобиқаи захираи об дар обанбори неругоҳи Норак, ки бахши умдаи неруи барқ дар Тоҷикистонро тавлид мекунад, хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории "Ховар", сатҳи оби обанбори бузургтарин Неругоҳи обии Точикистон - «Норак» беш аз 52 метр паст фаромадааст.

Дар идома таъкид мешавад, ки омили асосии ин рухдод камбориш омадани зимистони имсола, сардии ҳаво дар баландкӯҳҳо, бахусус дар фасли баҳор ва камии об дар рӯди Вахш дониста мешавад.

Гуфта шуд, ки чунин рухдоди камобӣ дар обанбори «Норак» 12 сол қабл мушоҳида шуда буд.

Бояд гуфт, ки аз моҳи октябри соли 2023 то ҳол дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуда, феълан сокинони манотиқ дар шабонарӯз танҳо 8 соат барқ мегиранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед