Ru  | Tj
Дар Душанбе Академияи омӯзиши забони кореягӣ барои муҳоҷирон таъсис меëбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Академияи омӯзиши забони кореягӣ барои муҳоҷирон таъсис меëбад
Акс: ASIA-Plus

Дар Душанбе Академияи омӯзиши забони кореягӣ барои муҳоҷирон таъсис меëбад

Нашр шуд

Ширин Амонзода бо намояндагони Кореяи Ҷанубӣ масъалаи таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ дар Душанберо баррасӣ намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 18-уми август роҳбари ин ниҳод Ширин Амонзода бо намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хидматрасонии фавқулодаи тиббии Корея Ҷанубӣ мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор масъалаи дар Душанбе таъсис додани Академияи омӯзиши забони кореягӣ ба манзури омодасозии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон барои сафар ва дарëфти шуғл дар бозори меҳнати Корея баҳсу баррасӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, дар ин замина тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии асноди ҳамкорӣ бо ширкати кореягии World Мobility Associaion ба мувофиқа расидаанд.

Намояндагони Корея таъкид доштаанд, ки ин кишвар ба қувваи корӣ дар бахши саноати сабук, мошинсозӣ ва баҳамории қисмҳои эҳтиётии электромобилҳо ниёз дорад.

Бояд гуфт, ки масъалаи сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Корея ва дигар кишварҳо чадин сол аст дар сатҳҳои мухталиф баҳсу баррасӣ мешавад. Зеро муҳоҷирони меҳнатии тоҷик умдатан барои кор ба Русия ва Қазоқистон мераванд ва дар чанд соли ахир дар пайи таҳримҳои Ғарб дарëфти шуғл дар ин кишварҳо мушкил гаштааст.


Таъсиси сомонаи расмӣ барои кор дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед