Ru  | Tj
Дар Душанбе беҳтарин мураббиҳои кишварро муайян ва қадрдонӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе беҳтарин мураббиҳои кишварро муайян ва қадрдонӣ карданд
Акс: Sputnik

Дар Душанбе беҳтарин мураббиҳои кишварро муайян ва қадрдонӣ карданд

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илм аз озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» натиҷагирӣ карда, беҳтарин мураббиҳои кишварро муайян ва қадрдонӣ намуд.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорат, дирӯз дар бинои ин ниҳод маросими натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» баргузор шуда, ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Гуфта мешавад, Тахмина Абдуалиева, мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд ва Фирӯза Ғаниева, мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе дар ин озмун мақоми аввалро ишғол намуданд.

Манбаъ меафзояд, инчунин Мунира Ризоева аз шаҳри Бохтар сазовори ҷойи дуюм гардида, Гулрӯ Гулбекова, мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ мақоми сеюмро дар ин озмун касб кардааст.

Бояд гуфт, ки даври ҷумҳуриявии ин озмун се рӯз идома ёфта, довталабон тибқи низомномаи махсус шартҳои муайянеро иҷро намудаанд.

Қаблан Вазорати маориф ва илм хабар дода буд, ки ғолибон ва ҳамаи ширкатдорони даври ҷумҳурияии озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

Озмуни “Мураббии сол” дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор мешавад. Соли гузашта Таҳмина Ҳоҷибоева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳло Неъматзода аз пойтахти кишвар дар ин озмун ғолби омада буданд.


Миҷгонаву Моҳрӯ, Сомону Далер. Даҳ варзишгари беҳтарини солро интихоб карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед