Ru  | Tj
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи бехатарии обӣ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи бехатарии обӣ баргузор мешавад
Акс: Вазорати корҳои ҳориҷии Чумҳурии Тоҷикистон

Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи бехатарии обӣ баргузор мешавад

Нашр шуд

Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмиву амалӣ таҳти унвони «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор мегардад.

 Ба иттилои сомонаи расмии Академияи миллии илмҳо, ин конфронс, ки ҳамчунин, ба 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи ин ниҳод бахшида шудааст, рӯзҳои  5-6 -уми октябр баргузор мегардад ва дар он олимону коршиносони масоили захираҳои об, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарӣ ва ҳолатҳои фавқулода ширкат менамоянд.

Гуфта мешавад, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор, тавсеаи гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарноки табиӣ ва идоракунии хатари офатҳои марбут ба об аз мавзуоти меҳварии ин конфронс мебошанд.

Манбаъ меафзояд, дар конфронси мазкур суханрониҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ пешниҳод мешаванду олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат менамоянд.

21-уми декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, қабул намуд.

Солҳои гузашта низ дар Душанбе дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об чандин нишасту конфронсҳои байналмилалӣ баргузор шуда буданд.


Дар Данғара Форуми рушди ҳамкориҳои Хатлону Сурхондарë баргузор мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед