Ru  | Tj
Дар Душанбе масоили иктишоф, истифода ва ҳифзи замин дар ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе масоили иктишоф, истифода ва ҳифзи замин дар ИДМ-ро баррасӣ мекунанд
Акс: Sputnik

Дар Душанбе масоили иктишоф, истифода ва ҳифзи замин дар ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

Нашр шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи XXV-и Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин оғоз гардид.

Дар нишасти Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин намояндагони ваколатдор ва коршиносон аз Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд, - хабар додааст, Мавҷуда Анварӣ, сардори маркази матбуоти Саридораи геология.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ раванди иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ мекунанд.

Ҷаласаи қаблии ин Шӯро моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардида буд. Имсол раëсати ин Шӯроро Тоҷикистон ба зимма дорад.


Дар Тоҷикистон 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ қарор дорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед