Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ қарор дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ қарор дорад
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ қарор дорад

Нашр шуд

Маълумоти мазкур зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон ироа шудааст.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти заминҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони мамлакат ба ҳолати 1-уми январи соли 2022 ҳисобот пешниҳод гардидааст.

Таъкид мегардад, ки дар Тоҷикистон 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин, аз он 682 ҳазор 828 гектар обӣ мавриди истифодаи корхонаҳою ташкилотҳои кишоварзӣ қарор доранд.

Зимнан, қайд гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳисоботи ҳамин давраи соли гузашта майдони умумии таъиноти кишоварзӣ 24 ҳазор 349 гектар (2 ҳазору 96 гектар замини обӣ) кам шудааст.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон заминҳои корам 205 гетар ва майдони корами обӣ 246 гектар кам шуда, дарахтони бисёрсолаи обӣ 1 ҳазору 218 гектар, аз он 889 гектар обӣ зиёд шудааст.

Дар робита ба масъалаи мазкур, роҳбарияти давлат ба масъулин дастур додааст, ки ҳисоботи заминро дуруст ба роҳ монанд, заминҳои бекорхобидаро ба гардиш дароранд, майдони заминҳои киштшавандаро афзоиш диҳанд, инчунин ҷиҳати пешгирии дилхоҳ қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин чораҳои зарурӣ андешанд.


Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон: аз муроҷиати Президент ба мардум то баррасии ҳолати иқтисод ва ҳисоботи аъзоёни Ҳукумат


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед