Ru  | Tj
Дар Душанбе нишасти соҳибкории Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе нишасти соҳибкории Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Акс: Интернет

Дар Душанбе нишасти соҳибкории Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Нашр шуд

Дар нишасти мазкур беш аз 60 намояндаи ширкатҳои ду кишвар иштирок карданд. 

6–уми ноябр нишасти соҳибкории Тоҷикистон ва Австрия бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, тоҷирон ва дигар намояндагони ширкатҳои хусусии ду кишвар ҷиҳати баррасии густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. 

Гуфта мешавад, ки дар нишаст муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода оид ба таҳкими баъдии робитаҳои созанда байни намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, рақамикунонӣ, фанновариҳои муосир, дорусозӣ, гардишгарӣ ва дигар лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ аҳаммияти махсус додааст. 

Фаъол намудани абзорҳои нав ва муосири густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, мақсади асосии нишаст дониста шуд. 

Ҳамчунин, дар нишасти мазкур роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ва ширкату соҳибкорон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ намуда, дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои мустақим бо истифода аз зарфиятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор намудаанд.

20-уми октябр дар Вена мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии "Hilfswerk International" Стоянка Манолчева барпо гардида буд, ки дар он ҷонибҳо роҷеъ ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои рушди кишоварзӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тақвияти рақобатпазирии молу маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуда буданд.


Миёни Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб мерасад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед