Ru  | Tj
Дар Фарғона нишасти раҳбарони хадамоти амнияти Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон доир шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Фарғона нишасти раҳбарони хадамоти амнияти Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон доир шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Фарғона нишасти раҳбарони хадамоти амнияти Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон доир шуд

Нашр шуд

Дар Фарғона 6 май мулоқоти раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Абдусалом Азизов, муовини раиси Девони вазирон - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи gazeta.uz хабар дод.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо як қатор мушкилоти таъмини амнияти минтақаро муфассал баррасӣ намуданд. Доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самтҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои дорои хусусияти фаромарзӣ низ табодули афкор сурат гирифт.

Масъалаҳои ҳамкории наздисарҳадӣ ва умуман фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии давлатҳои ҷонибҳо ба миён гузошта шуданд.
 
Зимни мулоқот масъалаҳои рӯзномаи мушаххас кардани сарҳадҳои давлатӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои аломатгузории сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон низ баррасӣ шуданд.
 
Дар ҷаласа дар мавриди суръат бахшидан ба равандҳои таъини марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва аломатгузории марзҳои Узбакистону Қирғизистон ба тавофуқ расиданд ва барои ҳалли ин масъалаҳо дар асоси ба назар гирифтани манфиатҳои ҷонибҳо тадбирҳо муайян гардиданд.
 
Бар асоси натоиҷи музокирот ба аъзои комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати ҳамоҳангсозии қитъаҳои боқимондаи марз, омода ва имзои созишномаи дахлдори дуҷониба супориш дода шуд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар кишварҳои минтақа масоили марзии ҳалношуда танҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боқӣ мондааст. То кунун Душанбе ва Бишкек дар мавриди беш аз 90 дарсади хати марзи миёни ду кишвар, ки 980 км аст, ба мувофиқа расидаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед