Ru  | Tj
Дар Гурҷистон имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Гурҷистон имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд
Акс: Интернет

Дар Гурҷистон имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд

Нашр шуд

Дар шаҳри Батумии Гурҷистон бо  иштироки сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷии ширкатҳои давлатӣ ва хусусии гурҷӣ ҳамоиши «Фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ,  ин нишаст рӯзи 3-юми август бо  ташаббуси Сафорати  Тоҷикистон дар Гурҷистон ва дастгирии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Батумӣ доир гардид.

 Манбаъ меафзояд, Сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ дар ин ҳамоиш оид ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла,  гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт ба таври муфассал маълумот дод.

 Сафир бо ишора ба эълон гаштани  солҳои 2022-2026 чун "Солҳои рушди саноат" иброз дошт, ки ин панҷсола барои ҷалби сармояи хориҷӣ марҳилаи нав мебошад ва аз сармоягузорони гурҷиву хориҷӣ даъват ба амал овард, ки дар ин раванд саҳм гузоранд.

Ҷалби сармоягузорони гурҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳолест, ки бар пояи омори расмӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 173 миллион доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 50 дарсад бештар мебошад.

Ҳамчунин, қаблан  Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфта буд, ки қисми бештари сармоягузориҳои ҷалбшуда ба Тоҷикистон сармояи бахши хусусӣ аст.

Таъму сифати хуб. Ҷопон харидори ангури шаҳдбори Тоҷикистон шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед