Ru  | Tj
Дар Қирғизистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуд
Акс: 24.kg

Дар Қирғизистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуд

Нашр шуд

Ба далели сатҳи пасти об дар обанбори Туктугул ва оғози бозсозии чархаҳои неругоҳҳои барқобии Туктугул ва Уч-Қурғон аз 5-уми март дар Қирғизистон интиқоли барқ ба аҳолӣ маҳдуд шуд.

Шабакаи миллии барқи Қирғизистон дар соатҳои авҷи сарборӣ - аз соати 6:00 то 9:00 ва аз 18:00 то 21:00 барои масрафи неруии барқ маҳдудият ҷорӣ мекунад.

Сабаби ин иқдомро ширкати барқрасонӣ дар коҳиши иқтидори неругоҳҳои Қирғизистон дар натиҷаи навсозии чархаҳои неругоҳҳои барқобии Туктугул ва Уч-Қурғон унвон мекунад.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки иқтидори неругоҳҳои Қирғизистон дар давоми ҳашт моҳи оянда 290 мегаватт коҳиш хоҳад ёфт.

«Дар робита ба корҳои бозсозӣ дар низоми энергетикии Қирғизистон норасоии 290 МВт неруи барқ ба вуҷуд омада, дар корбурди неруи барқ маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кардан лозим меояд.  Маҳдудиятҳо мумкин аст дар соатҳои сарборӣ дар субҳ ва шом ҷорӣ карда шаванд”, - иттилоъ дод дафтари матбуотии вазорати энергетикаи Қирғизистон.

Гуфта мешавад, ки аз рӯзи 5-уми март навсозии неругоҳи барқобии Уч-Қурғон cap шуда, анҷоми корҳо то моҳи ноябри соли равон пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин иқтидори неругоҳҳои Қирғизистон барои тавлиди барқ дар ҳаҷми 290 МВт кам мешавад.

Афзун бар ин Вазорати энергетикаи Қирғизистон хабар дод, ки хатари башиддат коҳиш ёфтани сатҳи об дар обанбори Туктугул вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар айни замон сатҳи об дар обанбори Туктугул 7 милярду 753 милён метри мукааб аст, дар ҳоле ки соли гузашта дар ин давра захираи об 8 милярду 35 милён метри мукааб буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед