Ru  | Tj
Дар «Кӯлоб-2022» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар «Кӯлоб-2022» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Акс: Sputnik

Дар «Кӯлоб-2022» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Нашр шуд

Дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва технологияҳои иттилоотӣ 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки арзиши умумии онҳо баробар ба 3,5 миллиард сомонӣ аст.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022», ки рӯзҳои 26-27-уми август баргузор гардид, беш аз 300 нафар аз шумори роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ ва сармоягузорон аз Русия, Чин, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Қазоқистон, ҳамчунин доираҳои соҳибкории Душанбе, ВМКБ ва Суғду Хатлон ширкат варзиданд.

Манбаъ меафзояд, дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Мунео Такасака ширкат ва суханронӣ намудаанд.

Дар  ин маросим ба соҳибкорони хориҷиву дохилӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти Кӯлоб ва имконоту зарфиятҳои истифоданашудаи ин минтақа  маълумот пешниҳод гардидааст.

Гуфта мешавад, форуми мазкур давоми ду рӯз дар 3 панел, аз ҷумла «Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон», «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон» ва «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ - заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа»  баргузор гардида, дар рафти ҳамоиш ва дар доираи мулоқотҳои В2В 15 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ ба имзо расидааст.

Лозим ба зикр аст, ки 26-27 август дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022»  бо ҳузури сармоягузорону соибкорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид ва дар он намоиши молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон шуд.

Дар як моҳи охир ин дувумин ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар кишвар аст. Қаблан ҳамин гуна як форум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам баргузор гардида буд. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар раванди ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтан ба сармоягузорони бештари дохиливу хориҷӣ ниёз дорад.


Ҳукумати Хатлон сармоягузоронро ба Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» даъват менамояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед