Ru  | Tj
Дар маъракаи “Диктанти Ғалаба” дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор кас ширкат карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар маъракаи “Диктанти Ғалаба” дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор кас ширкат карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар маъракаи “Диктанти Ғалаба” дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор кас ширкат карданд

Нашр шуд

Мавзуъи асосии диктант ба 80-солагии аз муҳосираи фашистӣ пурра озод шудани шаҳри Ленинград бахшида шуда буд.

Дар чанд шаҳри Тоҷикистон диктанти шашуми байнулмиллалии таърихӣ дар робита ба ҳодисаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Диктанти Ғалаба» баргузор шуд ва дар он беш аз 2 ҳазор кас ширкат карданд. Дар ин бора намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Душанбе хабар додааст.

"Диктанти Ғалаба” рӯзи 26-уми апрел дар 17 марказ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Панҷиканд, Бохтар, Кӯлоб ва Исфараи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маърака ҳамватанони рус ва низомиён, донишомӯзон, донишҷӯён, омӯзгорон ва ширкаткунандагони лоиҳаи «Муаллими рус барои хориҷа» ширкат карда, он дар донишгоҳҳо, мактабҳо, марказҳои захираии омӯзиши забони русӣ ва ҳамчунин дар Хонаи русии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки соли 2024 мавзуъи асосии диктант 80-солагии аз муҳосираи фашистӣ озод шудани Ленинград буд. 

"Аммо дар соли 2024 барои ҳар як кишвари ширкаткунанда масъалаҳои минтақаӣ низ вуҷуд дошт, ки барои Тоҷикистон панҷ мавзуъ пешниҳод шуда буд", - гуфт Татяна Мудрова, сарпарасти намояндагии созмони "Россотрудничество"  дар Тоҷикистон. 

Аз ҷумла, суол дар бораи Каҳрамони Иттиҳодияи Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрҷигитов, ки моҳи октябри соли 1943 корнамоии ҷовидонаи Александр Матросовро такрор карда буд. Дар маҷмӯъ, диктанти мазкур аз 25 пурсиши гуногун иборат буд.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2023 дар Тоҷикистон 14 марказ ташкил шуд, ки дар онҳо беш аз 1,3 ҳазор кас диктант навиштаанд.

Гуфтанист, "Диктанти Ғалаба" як маъракаи байнулмилалии таърихӣ мебошад, ки ба шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳо имкон медиҳад дониши худро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ санҷанд. Маъракаи мазкур бори аввал соли 2019 баргузор шуд. Имсол ин маърака дар 89 минтақаи Русия ва 60 кишвари ҷаҳон роҳандозӣ гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед