Ru  | Tj
Дар Маскав масоили таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар Русия баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Маскав масоили таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар Русия баррасӣ шуд
Акс: Вазорати илму маорифи Тоҷикистон

Дар Маскав масоили таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар Русия баррасӣ шуд

Нашр шуд

Ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар бахши маориф дар доираи беш аз 200 созишнома ба роҳ монда шудааст.

Дар мулоқоти Раҳим Саидзода, вазири илму маорифи Тоҷикистон бо Сергей Кравтсов, вазири маорифи Русия мавзуъи таълими фарзандони муҳоҷирони кории тоҷик дар муассисаҳои таълимии Русия баррасӣ шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати илму маорифи Тоҷикистон, ин дидор ахиран дар ҳошияи нишасти ҳаштуми вазирони маорифи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар Маскав баргузор шуд.

Ду ҷониб дар ин мулоқот масъалаҳои фарогирии фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо раванди таълим, фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ба забони русӣ, омода кардани омӯзгорони забони русӣ барои мактабҳои Тоҷикистон ва таҳияи китобҳои дарсиро мавриди баҳс қарор доданд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар бахши маориф дар доираи беш аз 200 созишнома ба роҳ монда шудааст.

Саидзода дар ҳошияи нишасти СҲШ ҳамчунин бо Валерий Фалков, вазири илм ва таҳсилоти олии Русия мулоқот анҷом дода, дар он масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши маориф, аз ҷумла шароити омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русияро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамтои худ пешниҳод додааст, ки донишҷӯёни тоҷик дар Русия  барои коромӯзӣ дар истеҳсолот ҷалб шаванд ва ин пешниҳод аз сӯйи вазири Русия пуштибонӣ ёфт. Афзун бар ин ду ҷониб масъалаҳои донишафзоии омӯзгорони Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 160 мактаби омехта ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 60 мактаб ба забони русӣ, 5 мактаб бо забонҳои русӣ ва англисӣ, 6 мактаб ба забони тоҷикӣ русӣ ва инглисӣ ва 8 адад ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ ифтитоҳ шуд, ки аз сӯйи ҳукумати Русия дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон сохта шудааст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон Донишгоҳи муштараки Русияву Тоҷикистон (словӣ), намояндагиҳои Донишгоҳи Ломоносови Маскав, Донишгоҳи миллии фанновариву пажуҳишии "MИСИС" ва Донишгоҳи миллии пажуҳишии "МИЭ" фаъолият дорад.

Илова бар ин дар Тоҷикистон ҳамасола озмун барои дарёфти бурсияҳои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия баргузор мешавад. Дар маҷмуъ дар донишгоҳҳои Русия дар айни замон ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед