Ru  | Tj
“Дар мувофиқа бо Шӯрои бадеъӣ”. Тасмими нави Вазорати фарҳанг дар робита ба чопи китобҳо

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Дар мувофиқа бо Шӯрои бадеъӣ”. Тасмими нави Вазорати фарҳанг дар робита ба чопи китобҳо
Акс: аз манбаъҳои боз

“Дар мувофиқа бо Шӯрои бадеъӣ”. Тасмими нави Вазорати фарҳанг дар робита ба чопи китобҳо

Нашр шуд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар масъалаи чопи китобҳо назоратро ҷиддӣ ба роҳ монад.

Ин нуктаро Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги кишвар зимни як ҳамандешӣ (семинар-машварат)-е, ки рӯзи 15-уми сентябр бо масъулини соҳаи табъу нашр ва матбуот баргузор гардид, иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин ба баъд тамоми нашриёту матбааҳо новобаста ба шакли фаъолияташон (хусусӣ ё давлатӣ) тамоми намуди китобҳоро дар мувофиқа бо Шӯрои бадеъии Вазорати фарҳанг нашр хоҳанд кард.

Ҳамчунин муовини вазир зикр кард, ки китобҳои бидуни рақами ISBN (рақаме, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Ожонси миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” дода мешавад) нашршуда аз фурӯш боздошт ва мусодира хоҳанд шуд.

Номбурда ин тасмимро ба воқеъоти охир рабт дода, мушаххасан аз нашри ягон китоб ном набурд. Танҳо афзуд, ки “интиқод ҳам ҳудуд ва таърифу тавсиф ҳам як меъёр дорад”.

Ин тасмими Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҳолест, ки мувофиқи “Қонуни фаъолияти ноширӣ ва полиграфии Тоҷикистон” ноширон дар масъалаи чопи китобҳо озод буда, сонсури мақомот дар фаъолияти онҳо манъ аст. Дар моддаи 5-и ин қонун омадааст:

“1. Фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, муассисаҳои нашриявӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва фурӯшандагони маҳсулоти чопӣ дар муайян кардани самти фаъолият, доираи мавзӯъ, интихоби муаллифон, адади нашр, нархи маҳсулоти чопӣ ва тахфифи он, муқаррар намудани шаклҳои робита бо якдигар ва бо дигар ташкилоту корхонаҳо мустақил мебошанд.

2. Ба сензураи дастнависи маҳсулоти ба чоп омодашуда ва инҳисор дар фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

3. Ҳеч шахс ҳуқуқ надорад, ки ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопиро вазифадор намояд, ки маҳсулоти чопӣ ва маводи дигари қаблан радкардаи онҳоро чоп намояд ва ба фурӯш барорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш омӯзгор аз шаҳри Панҷекат Назар Сабурзода созмондеҳии Шӯрои баррасии китобҳо дар назди нашриётҳои хусусиву давлатиро пешниҳод карда буд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед