Ru  | Tj
Дар нуқтаи ҷамъоварии партовҳо дар Душанбе дурбинҳои назоратӣ фаъол шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар нуқтаи ҷамъоварии партовҳо дар Душанбе дурбинҳои назоратӣ фаъол шуд
Акс: tajnature.tj/

Дар нуқтаи ҷамъоварии партовҳо дар Душанбе дурбинҳои назоратӣ фаъол шуд

Нашр шуд

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати Тоҷикистон аз насб ва фаъол шудани дурбинҳои назоратӣ дар нуқтаҳои ҷамъоварии партов дар пойтахт хабар дод.  Ҳадафи ин иқдом таъмини покизагӣ дар пойтахт ва ҳифзи муҳити зист унвон шудааст.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Тоҷикистон барои ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, солимгардонии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати зистмуҳитӣ (экологӣ)-и аҳолӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар 50 маркази осебпазири нуқтаҳои ҷамъовариии партов шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт дурбинҳои назоратӣ насб кард.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, ахиран бо ҳузури Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Толиб Раҳимзода, муовини шаҳрдори Душанбе Маркази назорати дурбинҳои мушоҳидаӣ дар Идораи ҳифзи муҳити зист дар пойтахт фаъол карда шуд.

Гуфта мешавад, ки таҷҳизот ва дурбинҳои маркази мазкур 24 соат фаъол буда, сабтҳои назоратии он дар таҷҳизоти он ҳифз ва нигоҳдорӣ мешавад.

Маркази мазкур ҳамчун сохтори Идораи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо  4 воҳиди корӣ таъсис шудааст.

Ин ниҳод таъкид мекунад, насби дурбинҳои назоратӣ имкон медиҳад, то ки қонуншиканӣ дар самти муҳити зист, махсусан дар ҷойҳои номуайян ҷойгир кардани партовҳо ошкор гашта, фавран нисбати қонуншиканҳо чораҷӯйӣ карда шавад.

Кумитаи муҳити зист мегӯяд, ки фаъолияти дурбинҳои мушоҳидаӣ дар беҳтар гаштани вазъи муҳити зисти пойтахт ва ба маротиб кам гаштани қонуншиканиҳо дар самти ҷойгир кардани партов дар минтақаҳои осебпазир нақши муҳим бозида, дар ин баробар маърифати зистмуҳитӣ (экологӣ)-и аҳолӣ баланд гашта, қонунҳои амалкунандаи марбут ба ҳифзи муҳити зист риоя карда мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед