Ru  | Tj
Дар Санкт-Петербург 380 муҳоҷир пас аз задухӯрд боздошт шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Санкт-Петербург 380 муҳоҷир пас аз задухӯрд боздошт шуданд
Акс: Шабакаи телевизионии "Санкт-Петербург"

Дар Санкт-Петербург 380 муҳоҷир пас аз задухӯрд боздошт шуданд

Нашр шуд

Баъди даргирии гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки дар ҳудуди майдони сохтмони «Лахта-сентр» рух дод, 380 нафарро ба бахши пулиси Санкт-Петербург бурданд. Дар бораи сабаби задухӯрд хабар дода нашудаст.

Вебгоҳи «Чека-ОГПУ» дар канали Telegram-и худ хабар медиҳад, ки задухӯрди гурӯҳӣ шоми 3-юми июн дар ошхонаи ҳудуди «Лахта-сентр» оғоз шуда, сипас ба кӯча гузаштааст.

Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки ҳангоми задухӯрд муҳоҷирон пораҳои арматура, санг ва кулоҳҳои сохтмониро низ истифода мекунанд.

«Дар натиҷа як зодаи Қирғизистон ба бемористон интиқол ёфт. Пас аз анҷоми чораҳои пешгирикунанда чаҳор созмондиҳандаи эҳтимолии задухӯрд муайян карда шуданд», - менависад Чека-ОГПУ.

Ин вебгоҳ бо такя ба маълумоти пулис гуфтааст, ки ҳар чаҳор нафар зодаи Қирғизистон буда, дар як сохтмон кор мекарданд. Дар бораи сарнавишти муҳоҷирони дигари боздоштшуда хабар дода намешавад.

Бояд гуфт, ки дар сохтмонҳои «Лахта-сентр», ки фармоишгар ва сармоягузори он ширкати «Газпромнефт» мебошад, ҳазорон нафар муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон кор мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед