Ru  | Tj
Дар шаш моҳ 36 000 нафар аз “Амонатбонк” қарз гирифтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар шаш моҳ 36 000 нафар аз “Амонатбонк” қарз гирифтаанд
Акс: Ориен

Дар шаш моҳ 36 000 нафар аз “Амонатбонк” қарз гирифтаанд

Нашр шуд

Раиси “Амонатбонк” иттилоъ дод, ки аз оғози соли равон ин бонк ба ҳудуди 36 ҳазор нафар мизоҷи худ беш аз 661,9 миллион сомонӣ қарз додааст.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дирӯз дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат кардаву аз афзоиши миқдори маблағҳои қарзии ба мизоҷони бонк пешниҳодгардида хабар дод.

Икромӣ гуфт, ки миқдори қарзҳои додаи онҳо нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 36,7 фисад афзудааст.

Таъкид гардид, ки ин бонк бо фоидаи аз 18 то 24 фисади солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фисад бо асъори хориҷӣ қарз пешниҳод мекунад.

“Аз қарзҳои додашудаи «Амонатбонк» 22,4 фоиз ба бахши саноат, 19,9 фоиз ба кишоварзӣ, 18,2 фоиз ба бахши истеъмолӣ, 7,2 фоиз ба сохтмон, 22,7 фоиз ба тиҷорат, 7,3 фоиз ба нақлиёт рост меояд”, - афзуд Сироҷиддин Икромӣ.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон сармояи бонк ба андозаи 10,5 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 491 миллион сомонӣ баробар шудааст.

"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон буда, дар ҳамаи нуқоти аҳолинишини кишвар филиалу намояндагӣ дорад. Ҳамчунин маоши бисёр ниҳоду корхонаҳои давлатӣ, нафақаи бознишастагон ва дигар кӯмакҳои иҷтимоии давлат тавассути ин бонк пардохта мешавад.

95 миллион сомонӣ қарзҳои сокинони Душанбе аз барқ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед