Ru  | Tj
Дар Суғд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Суғд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид
Акс: Интернет

Дар Суғд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид

Нашр шуд

Дар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ арзиши 5 литр равғани растанӣ аз 100 то 110 сомониро ташкил намудааст.

Тавре Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ярмаркаи мазкур рӯзи 12-уми марти соли 2022 баргузор гардидааст.

Мақсад аз баргузории ярмарка таъмин намудани сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон арзёбӣ гардидааст.

Таъкид мегардад, ки дар ин ярмарка арзиши орди 50 кг 290 сомонӣ, равғани 5 литра 100-105 сомонӣ, шакар 9,5 сомонӣ, тухм 72 дирам, картошка 2,70 сомонӣ, гӯшти мурғ 24 сомониро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур додааст, ки ҷиҳати танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо минбаъд низ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шавад.

Қобили қайд аст, ки дар пайи боло рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ, нархи орд дар бозорҳои пойтахт рӯзи 10-уми март афзоиш ёфта, арзиши як халта орди 50 килограммӣ аз 30 то 60 сомонӣ боло рафта буд. Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми март якбора боло рафта, 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуда буд.


Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон 9 миллион бех дарахт шинондаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед