Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи бузурги нақлиётӣ ба арзиши 828,4 миллион доллар дар ҳоли татбиқ аст
Нашр шуд
Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти кишвар дар нишасти хабарӣ рӯзи 17-феврал дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 828,4 миллион доллари амрикоӣ татбиқ шуда истодаанд.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи автомобилгарди «Кӯлоб –Қалъаи Хумб», қитъаҳои Шкев –шаҳраки Қалъаи Хумб бо дарозии 26 км, Кӯлоб –Шамсиддини Шоҳин бо дарозии 32 км, Душанбе –Бохтар, марҳилаи 1 ва 2» бо дарозии 73 км, дар маҷмӯъ 131 км роҳ бо 19 пул ва дигар иншооти роҳ ва чор долони зиддитармавии иловагӣ бо дарозии умумии 400 метр дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Хуҷанд – Чаноқ аз километри 48 то 80 пас аз сохту соз ба истифода дода шуданд.
Пеш аз ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ дар пайёми солонаи худ гуфта буд, ки: «Давоми солҳои 2022-2026 зиёда аз 1000 км роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд ва бештари он аз буҷаи миллӣ обод мешавад.”
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед