Ru  | Tj
“DABS” ба "Барқи тоҷик" аз 33 миллион доллар қарз танҳо 6 миллиони онро пардохт намудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“DABS” ба "Барқи тоҷик" аз 33 миллион доллар қарз танҳо 6 миллиони онро пардохт намудааст
Акс: Интернет

“DABS” ба "Барқи тоҷик" аз 33 миллион доллар қарз танҳо 6 миллиони онро пардохт намудааст

Нашр шуд

Ширкати афғонии  "Da Afghanistan Breshna Sherkat" барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқи Тоҷикистон 4,67 сент пардохт мекунад.

Тавре "Азия-Плюс" иттилоъ медиҳад, Маҳмадумар Асозода, раёсати ШСХК "Барқи тоҷик" зимни нишасти хабарӣ эълом доштааст, ки қарзи ширкати DABS-и Афғонистон дар аввоили соли 2022 аз 33 миллион доллар то 27 миллион доллар поин рафтааст.

Гуфта мешавад, ки ин ширкати Афғонистон 2 миллионро дар моҳи январ ва 4 миллиони дигарро дар моҳи феврал пардохт намудааст.

"Дар ҳоли ҳозир нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори ночиз - 40 мегаватт-соат дар як шабонарӯз интиқол дода мешавад", - таъкид доштааст Асозода.

Ҳамчунин, дар рафти нишаст қайд гардидааст, ки дар мавсими гармӣ (моҳҳои май то сентябр) ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то 400 мегаватт-соат расонида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ нерӯи барқ ​​содир карда буд.


Дар Тоҷикистон 630 корфармо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷарима шудаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед